Нашъаҷаллоби фирорӣ дастгир шуд
Душанбе, 14.03.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- 12 март зимни гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Вазорати корҳои дохилӣ Нарзуллоев Оятулло Сайфуллоевич, соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи Рӯдакӣ дастгир шуд.Тавре ки қаблан иттилоъ дода будем, номбурда муддати дароз дар ҳудуди шаҳри Душанбе ба ғайриқонунӣ нигоҳ доштан, хариду фурӯш ва интиқоли маводи мухаддир дар ҳаҷми махсусан калон машғул буд. Нарзуллоев О.С. ҳангоми дастгир намудан бо мақсади аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод гаштан ба 2 нафар корманди милитсия ҳамла намуда, бо истифода аз корд ба узвҳои бадани онҳо ҷароҳатҳои халандаю буранда расонида, аз ҷойи ҳодиса ғайб зада буд.Дар айни замон айбдоршаванда Нарзуллоев Оятулло Сайфуллоевич дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбат ба ин ҳодиса тафтиш идома дорад.Дар ин бора сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






