Натиҷаи қуръапартоии мусобиқоти Осиё байни наврасон

Март 19, 2014 11:43

Душанбе, 19.03.2014. (АМИТ «Ховар»).- 18 март  дар шаҳри  Куала – Лумпур  маросими  қуръапартоии қисми  ниҳоии  мусобиқоти  Осиё- 2014  байни  наврасон (U-14)  баргузор  гардид. 
Тавре  ки  аз  Федератсияи  футболи  Тоҷикистон хабар доданд, аз  рӯи  натиҷаи  қуръапартоӣ  дастаи   мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид  ба  футбол  дар  гурӯҳи «В» мавқеъ  гирифтанд,  ки  дар  он  дастаҳои  Куриёи  Ҷанубӣ,  Таиланд ва Ироқ ҳарифонаш  ба шумор  мераванд. Гурӯҳи  «А»   иборат  аз  дастаҳои Эрон, Арабистони  Саудӣ,  Ҷумҳурии  Мардумии Демократии Куриё  ва Тимори  Шарқӣ мебошад.
Хотирнишон  месозем, ки  мусобиқоти  Осиё байни  наврасони  синашон то  14  аз  4 то  13  август  дар  шаҳри  Ҳамадони  Эрон баргузор  мешавад. Бозиҳо  дар  марҳалаи  гурӯҳӣ як  давр  сурат гирифта,  аз  ҳар  гурӯҳ ду  дастаи  беҳтарин   дар  бозиҳои   нимниҳоӣ иштирок  менамоянд.  Вохӯриҳои нимниҳоӣ  11  август  ва бозии  хотимавӣ  13  август баргузор  мешаванд.
 
Футболбозони навраси  Тоҷикистон  5  август бо дастаи  мунтахаби  Таиланд,  7  август  бо  футболбозони  Ироқ  ва 9  август бо  дастаи  Куриёи  Ҷанубӣ  вомехӯранд.
 

Март 19, 2014 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд