Натиҷаи озмуни «Нишони беҳтарини шаҳр» ҷамъбаст мешавад
Хуҷанд, 03.03.2014. (АМИТ «Ховар», Абдуаҳад Шарифзода).- Дар арафаи иди Наврӯз дар шаҳри Хуҷанд натиҷаи озмуни шаҳрии «Нишони беҳтарини шаҳр» ҷамъбаст мегардад.
Тавре ки аз маъмурияти шаҳр хабар доданд, дар даври якуми озмун, ки аз моҳи ноябри соли гузашта то моҳи январи соли ҷорӣ баргузор гардид, беш аз 50 нишон манзури ҳаками озмун гардида, аз ҷумлаи онҳо 30 нишон интихоб шуд. Чанде пеш натиҷаи даври дуюми озмун ҷамъбаст гардида, се нишон интихоб гардид.
Қобили зикр аст, ки нишонҳои пешниҳодшударо комиссияи махсус иборат аз 20 нафар аз ҷумлаи намояндагони маъмурияти шаҳр, таърихшиносон, рассомон ва кормандони соҳаи фарҳанг арзёбӣ мекунад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






