Нимпайкараи ходими давлатӣ дар Темурмалик
Душанбе, 28.03.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Бахшида ба иди байналмилалии Наврӯз дар деҳаи Қиблаии ноҳияи Темурмалик маросими номгузории ҷамоати деҳот ба номи Лақай Қармишев ва пардабардорӣ аз рӯи нимпайкараи он баргузор гардид. Дар ҷамъомад раиси ноҳияи Темурмалик Мирзохон Сангов, масъулини ҳукумати вилояти Хатлон ва пайвандони Л. Қармишев сухан гуфта, зикр намуданд, ки ӯ ҳамчун ходими намоёни давлатӣ ва ҷамъиятӣ дар ободонии кишвар саҳми арзанда гузоштааст. Лақай Қармишев фаъолияти меҳнатии худро соли 1945 ба сифати омӯзгор дар деҳаи Гулбулоқ оғоз намуда, то ба вазифаи ҷонишини раиси Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон, раиси Кумитаи назорати халқии РСС Тоҷикистон расидааст. Дар чорабинии наврӯзии деҳаи Қиблаӣ бинои Маркази саломатӣ ва китобхона ба истифода дода шуд. Инчунин ҳунархои миллӣ ва дастовардҳои меҳнатии сокинони ҷамоати деҳоти мазкур ба намоиш гузошта шуда, бозиҳои варзишӣ баргузор гардиданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






