Оғози гуфтушуниди навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон
Душанбе, 3.03.2014. (АМИТ «Ховар». — Имрўз дар бўстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтушуниди навбатии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон ба кори худ оғоз намуд.
Гуфтушунид таҳти роҳбарии Муовини Сарвазири Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон ва Муовини Сарвазири Қирғизистон Тоқон Мамитов ҷараён мегирад.
Ҷонибҳо масоили вобаста ба таъмини эътидол дар марзи давлатии ду кишвар дар миёни шаҳри Исфараи Тоҷикистон ва ноҳияи Бодканди Қирғизистон ва истифодаи муштараки роҳҳои наздисарҳадии мошингардро баррасӣ мекунанд.
14 феврали соли 2014 дар шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон, ҳангоми мулоқоти қаблии ҳайатҳои ду ҷониб тасмим гирифта шуда буд, ки гуфтушуниди навбатӣ аввали моҳи март дар шаҳри Душанбе баргузор шавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






