Оғози муҳоҷирати мавсимӣ

Март 3, 2014 14:48

  Душанбе, 3.03.2014.(АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Яке аз ваколатҳои асосии Хадамоти муҳоҷират-танзими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад. Бо ин мақсад кормандони Хадамоти муҳоҷират ҳамарӯза аз 280 то 300 нафар шаҳрвандро қабул карда, ба онҳо маслиҳатҳои муфид медиҳанд.
Тибқи иттиллои шуъбаи робита бо аҳолии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии ҶТ, 26 феврали соли ҷорӣ шаҳрванд Қурбоналӣ Алиев, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон барои санҷиши ҳолати худ ба Бахши қабул ва маслиҳатдиҳии Хадамоти муҳоҷират муроҷиат намуд. Ҳангоми санҷиш муайян гардид, ки мавсуф барои вайрон намудани қонуну қоидаҳои будубош дар Федератсияи Русия аллакай дар рӯйхати беруншудагон қарор дорад. Зимни муайян кардани ҳолати худ дар ҳайрат шуда, иброз дошт, ки пеш аз ин дар нуқтаҳои чиптафурӯшии вилояти Хатлон ҳолати худро санҷидааст ва дар ҳарду ҳолат низ барои сафар ба Федератсияи Русия ягон монеае пайдо накарда, варақаҳои санҷишро ба шаҳрванд Қ. Алиев супоридаанд. Зикр кардан зарур аст, ки дар он ду ҳолати пештара хатоӣ ҳангоми санҷиш дар санаи таваллуд ҷой дошта, аз ин хотир мавсуфро бо далели бардурӯғ умедвор намуда, ба вай  чиптаи ҳавопайморо бо хатсайри Душанбе-Маскав ба маблағи 389,50 доллари ИМА фурӯхтаанд. 
Бинобар ин, барои пешгирӣ аз чунин ҳолатҳои ногувор, сарфа намудани вақту маблағ ва ба доми фиребгарон наафтодан шаҳрвандонро мебояд, ки ба Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд. 

Март 3, 2014 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд