Оғози сохтмони корхонаи ресандагӣ ва 10 бинои 9-ошёнаи истиқоматӣ
Душанбе, 23.03.2014. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз боздиди кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Данғара нахуст бо оғоз бахшидан ба сохтмони корхонаи ресандагӣ ва 10 бинои 9-ошёнаи истиқоматӣ идома ёфт.Сохтмони нахустин корхонаи муосири ресандагӣ дар ноҳияи Данғара ва 10 бинои 9-ошёнаи истиқоматӣ, ки дорои 444 хона хоҳад буд, бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфт.Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи сохтмон, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки корхонаи ресандагӣ бо иқтидори солонаи коркарди 6 ҳазор тонна нахи пахта аз ҷониби роҳбарияти Тоҷиксодиротбонк сохта шуда, бо таҷҳизоти навтарини италявӣ то охири соли равон ба кор дароварда мешавад.Тибқи нақша, бунёди корхонаи ресандагӣ танҳо оғози кор аст, зеро аллакай дар соли 2015 дар ин ҷо ҳамчунин корхонаҳои бофандагӣ ва дӯзандагӣ ба кор омода гардида, коркарди пурраи нахи пахта ва истеҳсоли маҳсулоти тайёри рақобатпазир ба роҳ монда мешавад.Дар паҳлӯи ин корхона аз ҷониби ҳамин соҳибкорони маҳаллӣ 10 бинои 9-ошёнаи истиқоматӣ бунёд меёбад, ки қисмате аз он ба кормандони Тоҷиксодиротбонк ва корхонаҳои он дода шуда, боқӣ ба фурӯш пешниҳод мегардад. Барои ин биноҳо, ки ба як маҳаллаи мукаммали истиқоматӣ табдил хоҳанд ёфт, шабакаи мустақили гармидиҳӣ бунёд меёбад. Дар қабатҳои поёнии биноҳо марказҳои савдо ва хизматрасонӣ ҷойгир мешавад, ки беш аз 100 кас дар онҳо бо кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд. Дар маҷмӯъ дар корхонаҳои истеҳсолии Тоҷиксодиротбонк ва қабатҳои поёнии биноҳои истиқоматӣ беш аз 1000 ҷойи корӣ муҳайё мегардад. Ин маҷмааи биноҳои истиқоматӣ ва корхонаҳои нассоҷӣ бо харҷи беш аз 60 миллион доллари амрикоӣ бунёд ёфта, танҳо дар вақти сохтмонашон дар ин ҷо беш аз 500 нафар бо кор маоши баланд таъмин мегарданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






