Олимпиадаи ҷумҳуриявии Ҷоми АИТ миёни донишҷуён
Душанбе, 13.03.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Имрўз, дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (АИҶТ) маросими кушодашавии даври дуюми нахуст олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ, барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Тоҷикистон» баргузор гардид.
Тавре ки дар ин бора аз АИТ хабар доданд, олимпиадаи мазкур бахшида ба 20-солагии Конститусия (Сарқонун)-и Тоҷикистон бахшида шуда, дар он зиёда аз 200 нафар донишҷўён аз шаҳру ноҳияҳои кишвар, ки ғолиби даври аввали озмун шуда буданд, иштирок доштанд.
Олимпиадаи мазкур ду рўз идома ёфта, ҷамъбасти он ва эълони ғолибони озмун рўзи 14 марти соли равон эълон хоҳад шуд. Гуфта мешавад, ки ғолибони ҷойи якум, дуюм ва сеюми олимпиада бо «Ҷоми Академияи илмҳои Тоҷикистон» ва диплому ифтихорномаҳои Академия қадрдонӣ гардида, ҳамчунин бидуни супоридани имтиҳони дохилшавӣ роҳхат ба аспирантура ва магистратураи АИТ дода мешавад.
Ба иттилои манбаъ, мақсад аз баргузории чорабинии мазкур, пеш аз ҳама ин дарёфти донишҷўёни болаёқат ва ҷалб намудани онҳо ба корҳои илмӣ-тадқикотии Институтҳои Академияи илмҳои Тоҷикистон мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






