«Осоишгоҳи Баҳористон» — сазовори ҷоизаи сифат
Душанбе, 27.03.2014. (АМИТ «Ховар»). — Коршиносони соҳаи туризм чунин меҳисобанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди туризм имкониятҳои хеле зиёде дорад ва барои рушди ин соҳа ҳамаи омилҳо мавҷуд буда, ҳукумати ҷумҳурӣ барои тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолӣ ва масоили туризм диққати асосӣ медиҳад. Дар ин робита, имрўз дар ҳудуди мамлакат массисаҳои хизматрасонии сатҳи байналмилалӣ таъсис дода шудаанд, ки «Осоишгоҳи Баҳористон» аз зумраи онҳост.
Аз Агентии «Тоҷикстандарт» ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар арафаи ҷашни Наврўз хушхабаре расид, ки бо қарори Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) аз 14 марти соли 2014 «Осоишгоҳи Баҳористон» тибқи натиҷаи баҳодиҳии экспертӣ, дар номгўи «Хизматрасонӣ» ғолиб дониста шуда, бо мукофоти махсус-«Эътирофи коргузории мукаммал»-и ҷоизаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2013 барои дастовардҳо дар соҳаи сифати маҳсулот ва хизматрасониҳо сарфароз гардонида шуд.
Лозим ба ёдоварист, ки «Осоишгоҳи Баҳористон» бо дастгирӣ ва пешниҳоди Агентии «Тоҷикстандарт» дар баргузории озмуни мазкур соли 2013 ба қайд гирифта шуда, дар қатори корхонаву муассисаҳои 11 давлати узви ИДМ, аз ҷумла Русия, Беларус, Қазоқистон, Украина, Озарбойҷон, Қирғизистон, Туркманистон, Молдова, Арманистон ва Ўзбекистон иштирок намуд. Яке аз муваффақиятҳои «Осоишгоҳи Баҳористон» дар он аст, ки дар самти ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ISO 9001 “Системаи менеҷменти сифат” яке аз корхонаҳои пешсаф буда, барои гирифтани сертификат тибқи ин стандарти байналмилалӣ ба Агентии “Тоҷикстандарт” дархост пешниҳод намудааст ва дар назар аст, ки дар соли ҷорӣ соҳиби чунин сертификат шавад. Ин амал имкон медиҳад, ки хизматрасонии муассиса дар сатҳи байналмилалӣ эътироф гардад.
Чунин иқдом дар доираи татбиқи “Барномаи давлатии сифат барои солҳои 2013 — 2015» ба роҳ монда шуда, барои баланд бардоштани истеҳсоли маҳсулот ва хизматрасонии босифату рақобатпазир ва дар ин замина муаррифӣ намудани корхонаҳои ватанӣ мусоидат менамояд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






