Осорхона -ёдномаи таърих

Март 11, 2014 14:23

Шаҳринав, 11.03.2014. (АМИТ «Ховар», Ҳотами Шариф) — Теъдоди нигораҳо дар Осорхонаи таърихию кишваршиносии ноҳияи Шаҳринав ба 2 ҳазору 158 адад расид. Ғайр аз ин дар осорхона таърихи ноҳия, шахсиятҳои номдор, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, пешқадамони меҳнат, машъалони маориф дар гӯшаҳои алоҳида ҷой дода шудаанд. Дар ҳудуди ноҳия 36 адад ёдгории таърихӣ низ мавҷуд буда, онҳо ба таври махсус ҳифз ва нигаҳбонӣ мешаванд. Аз ҷумла, дар ҳудуди ноҳия ду сарсутуни сангини замони Кӯшонӣ (асрҳои II-IV) мавҷуд аст.

Март 11, 2014 14:23

Хабарҳои дигари ин бахш