Озмуни журналистони Суғд
Душанбе, 03.03.2014. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода).- Иттифоқи журналистони вилояти Суғд озмун барои дарёфти мукофоти ба номи Ҳоҷӣ Содиқро эълон кард.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар озмун намояндагони ҳамаи васоити ахбори омма, сарфи назар аз шаклҳои моликият, ки аъзои Иттифоқи журналистони ҶТ мебошанд, метавонанд иштирок намоянд.
Ба озмун бояд маводҳои соли 2013 чошудаи жанрҳои мухталифи журналистӣ, аз қабили очерк, лавҳаҳо, публитсистика ва жанрҳои бадеӣ аз қабили ҳикоя, латифаю ҳаҷвия пешниҳод шаванд.
Мувофиқи шартҳои озмун, муаллиф бояд на камтар аз 5 сол собиқаи журналистӣ дошта бошад.
Мукофот ба ғолиби озмун 11 марти соли равон дар Рӯзи матбуоти тоҷик супурда мешавад.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






