Пойгаи мототсиклронӣ ба ифтихори Наврӯз
Душанбе, 31.03.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- 6 апрели соли равон дар машқгоҳи Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа, воқеъ дар маҳаллаи Учқули ноҳияи Рӯдакӣ пойгаи мототсиклронӣ баргузор мегардад. Ин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ буда, дар доираи «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва рушду нумуи намудҳои ҳарбии варзишӣ байни ҷавонони синни даъватӣ ва тодаъватии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2015» гузаронида мешавад.
Тибқи иттилои котиби матбуоти кумита Абдурақиб Қодиров, дар ин мусобиқа дастаҳо аз шаҳри Душанбе, Қӯрғонтуппа, Кӯлоб, Восеъ, А.Ҷомӣ, Ёвон, Турсунзода қувваозмоӣ мекунанд.
Мусобиқаи пойгаи мототсиклронӣ мусобиқаи анъанавӣ буда, ҳамасола ба ифтихори ҷашни Наврӯз гузаронида мешавад.
Ғолибон бо ҷому медал ва туҳфаҳои арзишнок мукофотонида мешаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






