Порагир дастгир шуд
Душанбе, 12. 03. 2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Дирӯз ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони шуъбаи ВКД дар ноҳияи Ваҳдат, раиси Кумитаи минтақавии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиавии шаҳри Ваҳдат Ёқубҷон Маҷидов, сокини шаҳри Душанбе, бо гумони гирифтани пора дастгир шуд.
Тавре ки маркази матбуоти ВКД хабар медиҳад, номбурда дар назди гузаргоҳи зеризаминии назди маркази савдои “Садбарг”-и шаҳри Душанбе ба сифати пора аз шаҳрванд Рустам Лашкаров, сокини шаҳри Ваҳдат, барои ҷой кардан дар курсҳои худомӯзии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ 400-доллари ИМА гирифтааст. Далели шайъӣ гирифта шуда, ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






