Пуле, ки сокинони ду соҳилро бо ҳам пайваст
Хоруғ, 27.03.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Мувофиқи шартномаи тарафайни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар мавзеи Хумроғии ноҳияи Ванҷ боз як бозори наздимарзӣ ба фаъолият оғоз намуд. Раиси вилоят Шодихон Ҷамшед дар ифтитоҳи ин пули марзӣ гуфт, ки бунёди ин гуна пулҳо кишвари моро аз бунбасти коммуникатсионӣ тезтар раҳо карда, ба як минтақаи транзитӣ табдил медиҳад. Танҳо дар ду даҳсолаи охир дар болои рӯдхонаи Панҷ чор пули байнимарзӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Хишти пули мавзеи Хумроғии ноҳияи Ванҷ соли 2011 бо ширкати бевоситаи Сарвари давлат гузошта шуд ва бинокорон мутобиқи нақша онро дар муҳлати муайяншуда ба истифода доданд. Сокинони ноҳияи Ванҷ мегӯянд, ки мубодилаи молу коло байни тоҷирону соҳибкорон сатҳи зиндагии мардуми ду кишварро ба маротиб боло хоҳад бурд. Дар рӯзи саввуми ҷашни Наврӯз дар Ванҷ бо ҳузури беш аз 600 нафар тоҷирони Бадахшони Тоҷикистону Афғонистон маросими расмии ифтитоҳи бозори наздимарзии мавзеи Хумроғии ноҳияи Ванҷ баргузор шуд. Дар расми ифтитоҳи бозор намояндагони ҳар ду кишвар ширкат варзиданд. Раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшед афзуд, ки ин пули чорум аст, ки дар болои дарёи Панҷ сохта шуд. Пули мавзеи Хумроғии ноҳияи Ванҷ ба беш аз 70 ҳазор нафар сокини ҳар ду вилоят хизмат хоҳад кард. Гуфта шуд, ки дар ояндаи наздик сохтмони пули дигар дар яке аз деҳаҳои дурдасти ноҳияи Ишкошим- деҳаи Лангар дар назар дошта шудааст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






