Рӯнамоии дастурамал барои муҳоҷирони меҳнатӣ
Душанбе, 18.03.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ рӯнамоии дастурамали «Маҷмӯаи маводи байнифаннӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид. Дар ҳамоиш сардори раёсати илм ва маорифи дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ Аҳмадҷон Мирсаидов, муовини аввали вазири маориф ва илм Раҳматулло Мирбобоев, муовини ректор оид ба корҳои илмии Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Томски Федератсияи Русия Константин Осетрин, роҳбари намояндагии «Россотрудничество» дар Тоҷикистон Владислав Курнушко, намояндагони вазорату муассисаҳо иштирок намуданд.Ректори Донишгоҳи омӯзгорӣ Абдуҷаббор Раҳмонов оид ба моҳият ва зарурати дастурамали ҳидоятгар барои муҳоҷирони меҳнатӣ ирози ақида карда, зикр намуд, ки ин маҷмӯаро омӯзгорони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Томски Русия ва Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар ҳаммуаллифӣ таълиф кардаанд. Муовини аввали вазири маориф ва илми мамлакат Раҳматулло Мирбобоев дар хусуси мушкилот ва роҳҳои ҳалли муҳоҷирати меҳнатӣ сухан гуфта, омодагардии чунин як дастурамалро падидаи нек ва саривақтӣ унвон кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Бахтиёри Абдураҳим-котиби матбуоти Донишкадаи омӯзгорӣ иттилоъ дод.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






