Рӯзи дарҳои кушод дар ДДК
Кӯлоб, 05.03.2014. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).-Дар рӯзи дарҳои кушод, ки дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб баргузор гардид, беш аз 500 нафар хатмкунандаи мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб иштирок намуда, бо шароити таълиму тадрис дар ин махзани илму маърифат ошно гардиданд. Дар ҳамин ҷо ба ҳар як иштирокчӣ варақаи иттилоотӣ дода шуд ва онҳо ҳамчунин имкон пайдо намуданд, ки аз лавҳаҳои иттилоотӣ бо ихтисосҳои ин донишгоҳ шинос шаванд. Ба довталабон ихтирооти донишҷӯён, аз ҳама бештар дастовардҳои илмию тадқиқотии омӯзгорону донишҷӯён мақбул гардиданд ва онҳо ихтисосҳои ояндаи худро интихоб намуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






