Рақобати чаҳор даста барои Ҷоми ФФТ

Март 3, 2014 09:40

Душанбе, 3.03.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Даври сеюми бозиҳои Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хотима ёфт ва чаҳор дастае, ки ба даври ниҳоии мусобиқа роҳ ёфт, маълум гардид. 
Тавре ки дар ин бора сомонаи ФФТ иттилоъ додааст, дастаҳои лигаи олии кишвар , ки дар чаҳор гурӯҳ миёни ҳам барои ҷоизаи Ҷоми ФФТ рақобат доштанд, аз гуруҳи «А» тимҳои «Истиқлол»-у «Регар-ТадАЗ» ва аз гуруҳи «В» дастаҳои «Энергектик»-у «Хайр» ба даври ниҳоӣ баромаданд. 
Гуфта мешавад, ки даври ниманиҳоӣ нимаи дуюми имрӯз, 3-юми март доир шуда, дар он дастаи «Энергетик» бо «Регар-ТадАЗ» ва дастаи «Истиқлол» бо «Хайр» вориди рақобат хоҳанд шуд. 
 
 

Март 3, 2014 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш