Рамзи сунъии баҳор дар Хуҷанд

Март 19, 2014 11:46

Душанбе, 19.03.2014. (АМИТ «Ховар»,  Фарзона  Достонзода).- Дар  арафаи  иди   Наврӯз  дар маркази  шаҳри   Хуҷанд  дарахти  сунъии  зардолу  чун  рамзи  фаро расидани  фасли баҳор   шинонида шуд. 
 
Тавре  ки аз хадамоти  матбуоти раиси  вилояти  Суғд  хабар  доданд, баландии дарахти зардолу  15 метрро  ташкил  медиҳад,  ки  назар  ба дарахти  соли  гузашта  шинонидашуда 2 метр баландтар  аст. 
 
Қобили  зикр  аст, ки  аз  соли  2011  инҷониб  дар  майдони  марказии  шаҳри Хуҷанд  чун  рамзи  фасли баҳор  ва  иди  Наврӯз дарахти  зардолу  шинонида  мешавад. 

Март 19, 2014 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш