«Раванди Истанбул» дар Кобул
Душанбе, 12.03. 2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Дар шаҳри Кобул бо ташаббуси сафорати Британияи кабир дар Афғонистон таҳти сарпарастии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон иҷлосияи коршиносони кишварҳои иштирокчии “Раванди Истанбул” дар бахши мубориза бар зидди терроризм дар мавзӯи назорати қонунии истеҳсол ва паҳншавии маводи тарканда ва прекурсорҳо баргузор гардид.
Тавре ки сомонаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ хабар медиҳад, дар иҷлосия масъалаҳои табодули иттилоот байни коршиносони идораҳои ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои “Раванди Истанбул”, васеъ намудани доираи ҳамоҳангсозии амалӣ байни Афғонистон, ҳамсоякишварҳои он ва шарикони минтақавӣ дар назди хатари умумӣ — терроризм, ифротгароӣ ва маводи нашъаовар баррасӣ гардиданд.
Дар кори иҷлосия намояндагони Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Туркия, Қазоқистон, Озарбойҷон, Қирғизистон, Аморати муттаҳидаи араб, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Туркманистон, Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон иштирок намуданд.
Бояд зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар иҷлосияи мазкур намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва дохилӣ, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагӣ намуданд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






