«Рисолати сулҳҷӯёна-2014» дар Чин
Душанбе, 31.03.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо 30-юми марти соли 2014 бо вазири мудофиаи Ҷумҳурии Мардумии Чин генерал-полковник Чан Вансюан вохӯрд. Тавре ки дафтари матбуоти Вазорати мудофиа иттилоъ медиҳад, дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ ва омодасозии кадрҳои низомиро баррасӣ намуда, вобаста ба санаду созишномаҳои ҳуқуқӣ, ки қаблан дар доираи муносибатҳои низомӣ-сиёсӣ миёни роҳбарони ду кишвар ба мувофиқа расидаанд, мубодилаи афкор намуда, баргузории ҷаласаи навбатии вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро баррасӣ карданд. Ҳамзамон таваҷҷуҳи зиёд ба масоили таъмини бехатарӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва омодагӣ ба баргузории машқҳои муштараки зиддитеррористӣ, ки дар Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳти унвони «Рисолати сулҳҷӯёна-2014» доир мегарданд, равона гардид.
Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Мардумии Чин нақши Тоҷикистонро дар мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ баланд арзёбӣ карда, ба роҳбарияти низомии Тоҷикистон барои ҳамкории самарабахш дар ин самт изҳори сипос намуд.
Ёдрас мешавем, ки ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии Вазоратҳои мудофиаи Тоҷикистону Ҷумҳурии Мардумии Чин аз соли 1994 маншаъ гирифта, рушду нумӯи он асосан дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрҷониба, аз ҷумла омодакунии кадрҳои низомӣ, баланд бардоштани омодагии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳи миллии ҳарду кишвар, табодули иттилооти низомӣ, таъмини бехатарӣ дар минтақа, муборизаи муштараки зидди террористӣ ва ташкилу ба роҳ мондани машқҳои муштараки низомӣ амалӣ карда мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






