Роҳҳои дарёфти бурсияву идрор
Душанбе, 7.03.2014 (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Дирӯз дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров семинари навбатии шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ баргузор гардид. Тавре ки аз Маркази иттилоот ва таҳлили раёсати донишгоҳ иттилоъ доданд дар семинари мазкур устодону донишҷӯён, магистрантону аспирантон ва кулли ҳаводорони барномаҳои таълимии байналмилалӣ ширкат варзидаанд.Мудири шуъбаи робитаҳои байналхалқии Раёсати донишгоҳ Темур Каримов оид ба барномаҳои байналмилалӣ, семинару конфронсҳо ва симпозиуму ҳамоишҳои илмӣ маълумот дод. Мавсуф махсусан қайд намуд, ки яке аз бурди асосии шуъбаи робитаҳои байналмиллалӣ дар соли 2013 ин ҳамроҳ шудани донишгоҳ ба Ассосиатсияи омӯзиши ҷомеаи форсизабонони дунё ва таъсиси маркази он дар вилояти Суғд бо ташаббуси кормандони шуъба мебошад. Алҳол донишгоҳ бо 8 лоиҳаҳои байналмилалии Иттиҳоди Аврупо бо ном TEMPUS — ERASMUS MUNDUS ҳамкорӣ дорад. Ӯ афзуд, ки соли равон аз тариқи ин барномаҳо муҳассилини донишгоҳ ба донишгоҳҳои бонуфузи кишварҳои Иттиҳоди Аврупо сафарҳои илмӣ кардаанд. Дар соли 2013 донишгоҳ бо 8 донишгоҳҳои ватаниву хориҷӣ шартномаҳо ба имзо расонид. Ва дар озмуни навбатии Комиссияи Иттиҳоди Аврупо ТЕМПУС-VI лоиҳаҳоеро пешниҳод карда буд ва аз 7 лоиҳаи ҷумҳуриявӣ, ки аз тарафи ин ташкилот дастгирӣ ёфтааст, дар 3-тояш донишгоҳи мо ғолиб омад ва ба сифати ҳамкор фаъолият мебарад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






