Рушди туризм дар кишвар
Душанбе, 13.03.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Фардо, 14- уми марти соли ҷорӣ муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Руслан Шодиков бо донишҷўёни риштаи туризми Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон мулоқот мекунад.
Гуфта мешавад, ки мулоқот дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2010-2014», инчунин бо мақсади иҷрои Протоколи ҷаласаи XII-уми Шўрои машваратии назди Президенти мамлакат оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ аз 13 декабри соли 2013, ба роҳ мондани ҷараёнҳои муосири омодасозии кадрҳои соҳаи туризм, баргузории нишасту вохўрӣ ва семинарҳои омўзишӣ бо муҳассилини муассисаҳои таълимие, ки кадрҳои соҳаи туризмро тайёр менамоянд, дар давоми моҳҳои март-апрели соли равон ба нақша гирифта шудааст.
Хадафи асосии мулоқот ҷалб намудан ва омодасозии кадрҳои соҳаи туризм, алалхусус роҳбаладҳо дар шароити кӯҳӣ дар макотиби сатҳи олӣ мебошад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






