Рушди устувори робитаҳои Фаронса ва Тоҷикистон

Март 3, 2014 11:37

Душанбе, 03.03.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина  Эрлих).- Чанде  пеш раиси  Палатаи  савдо  ва  саноати  ҶТ  Шариф  Саид  бо Сафири  Фаронса дар  Тоҷикистон  Дидиер Лера  мулоқот  намуд. 
 
Тавре  ки  аз  ПСС  ҶТ   ба  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд,   зимни  мулоқот  вазъу  дурнамои  ҳамкории  дуҷонибаи мутақобилан  муфиди  тиҷоратию  иқтисодии  байни  Тоҷикистону  Фаронса  мавриди  муҳокима  қарор  гирифтанд. 
 
Раиси  ПСС ҶТ  зимни  суханрониаш  рушди   муттасили  ҳамкории  ҳар  ду  кишварро   зикр  карда,  ҳамзамон  иброз  дошт, ки   барои густариши  ҳамкории  иқтисодии  ҳар  ду  кишвар   имкониятҳои  зиёде  мавҷуданд.  Шариф  Саид   аз   имкониятҳои  ҷалби  технологияҳои  муосир  ба  Тоҷикистон  ва  бунёди   коргоҳҳои  дорусозӣ  бо  истифода  аз  гиёҳҳои  шифобахш,  атторӣ  ва маҳсулоти  ороишӣ,  ҳамкорӣ  дар  соҳаи  сайёҳӣ ва кӯҳнавардӣ  нақл  кард.
 
Дипломати  Фаронса  рушди  муносибатҳои  дуҷонибаи байни  Тоҷикистону  Фаронсаро  ба  дараҷаи баланд  арзёбӣ  карда,   зикр  намуд, ки  ҷониби  Фаронса  омодааст, ки  бо Тоҷикистон  дар  ҳамаи  самтҳо,  аз ҷумла   дар  бахшҳои  энергетика,  кишоварзӣ,  сайёҳӣ,  фарҳанг,  тандурустӣ  ва  маориф   ҳамкорӣ  намояд.
 
 

Март 3, 2014 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд