Рўзи ҷумҳуриявии тамошои осорхона
Душанбе, 31.03.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанг бо мақсади рушди туризми дохилӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба мероси фарҳангии кишвар, ҳамчунин бобати иҷрои Протоколи ҷаласаи 12-уми Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши сайёҳӣ ва татбиқи «Барномаи давлатии рушди туризм барои солҳои 2010-2014» тасмим гирифт, ки 5 апрели соли равон «Рўзи ҷумҳуриявии тамошои осорхона» ҳамчун рўзи дарҳои кушоди осорхонаҳо доир намояд.
Баргузории «Рўзи ҷумҳуриявии тамошои осорхона» дар ҳолест, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ бо таваҷҷуҳ ба иқтидор, хусусиятҳои табиӣ ва таърихию фарҳангии кишварамон дар қатори дигар самтҳои соҳаи сайёҳӣ, туризми таърихиву фарҳангӣ ва этнографиро низ ҳамчун самти афзалиятноки иқтисодиёти миллӣ эълон намудааст.
Дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон , варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






