Садама ҷони 7 нафарро рабурд
Душанбе, 3.03.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- 2 марти соли равон ронандаи мошини тамғаи «Опел» Носиршои Мусрифшоҳ, сокини ноҳияи Шуғнон, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ-Мурғоб-Қулма, бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, ба мошини тамғаи “УАЗ-469”, таҳти идораи ронанда Абдулай Карамов, сокини ноҳияи Мурғоб бархӯрд. Дар натиҷа мусофири мошини тамғаи “Опел”, Аёнбекзода Шуҳрат, сокини деҳаи Ҷарфеини ноҳияи Шуғон ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расид.
Тавре ки аз Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ хабар доданд, аз 24 феврал то 2 марти соли равон дар миқёси ҷмуҳурӣ 25 садамаи нақлиётӣ рух додааст, ки дар натиҷа 7 нафар ба ҳалокат расида, 30 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштанд. Бино ба иттилои маркази матбуоти раёсат сабаби бештари садамаҳо риоя накардани қоидаи ҳаракат дар роҳ ва ба самти муқобил ҳаракат кардани ронандагон мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






