Сайқали дониши ҳарбии афсарон
Душанбе, 5.03.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Тибқи нақшаи чорабиниҳои Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ ҳафтаи гузашта дар Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа курсҳои омӯзишии сафарбарӣ доир шуданд, ки дар он афсарони комиссариатҳои ҳарбии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ёрдамчиёни сардорони ситоди навъи Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар вазорату сохторҳое, ки тибқи қонун дар онҳо хизмати ҳарбӣ пешбинӣ шудааст, иштирок намуданд. Масъулин марҳалаҳои омӯзишӣ, соатҳои дарсӣ, номгӯйи мавзӯъҳо ва дигар паҳлӯҳои тайёрии сафарбариро мушаххас намуда, ҳамзамон ҳуҷҷатҳои роҳбарикунанда, тартиби тайёр намудани нақшаи захираҳои эҳтиётӣ, вазифаҳои сохторҳои комиссариатҳои ҳарбӣ ва дигар мавзӯъҳои муҳимро мавриди омӯзиш қарор доданд.
Ташкили ин қабил курсҳои муҳими омӯзишӣ бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани донишҳои ҳарбӣ-сиёсӣ ва корбарии роҳу усулҳои зарурӣ дар фаъолияти ҳамарӯзаи онҳо мебошад, ки ин кор пайваста дар муассисаҳои таълимӣ ва дигар қисму воҳидҳои ҳарбии Вазорати мудофиа ба роҳ монда мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






