Шабакаҳои Тоҷикистон ба моҳвораи нав гузаштанд
Душанбе, 31.03.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Ташкилоти байналмилалии робитаҳои кайҳонии «Интерспутник» ба Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи алоқаи «АBS-1» барои паҳн намудани барномаҳои шабакаҳои телевизионию радиоии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷро барои иҷора пешниҳод намудааст.
Тавре ки Саидалӣ Сиддиқов, муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод, бинобар анҷом ёфтани муҳлати фаъолияти «АBS-1» аз 30 марти соли 2014 барномаҳои шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ ба воситаи радифи алоқаи «ABS-2» пахш мегарданд.
Хотиррасон менамоем, ки барои гузариш ба мавҷқабулкунакҳо танҳо басомадро бояд иваз намуд, яъне ба ҷойи 12690 МГц рақамҳои 11 491МГц мондан лозим аст.
Хотиррасон менамоем, ки ин тадбир танҳо ба он муштариёне дахл дорад, ки аз моҳвора, яъне радиф истифода мебаранд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






