Шинонидани 3000 ниҳол ба ифтихори 3000-солагӣ
Душанбе, 7.03.2014. (АМИТ «Ховар», Назир Назиров).- 6 март зиёда аз 100 нафар сокинони ҷамоати деҳоти Сомон ва деҳаҳои Гулрезу Хирманаки ноҳияи Ҳисор ба ҳашари шинондани ниҳолҳо, тозакунии замин аз буттаҳои хушк, партовҳо, нарм кардани бехи дарахтон ва сохтани ҷӯякҳо барои обрезӣ ба дарахтон баромаданд. Дар давоми рўз сокинони деҳа 200 ниҳоли арча шинонданд. Тибқи қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҳисор ҷиҳати беҳтар намудани вазъи экологӣ, бунёди боғҳои нав, шинондани ниҳолҳо мутобиқ ба шароити иқлими минтақаҳо то 14 майи соли 2014 дар ноҳия мавсими кабудизоркунӣ гузаронида мешавад. Ба қавли Насрулло Маҳмадалиев, сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҳисор то ҳоло дар ноҳия 42 ҳазору 137 бех ниҳоли ороишӣ, сояафкан ва мевадиҳанда шинонда шудааст. Тибқи қарори раиси ноҳия «Дар бораи эълон намудани маъракаи ободонӣ ба ифтихори 3000 — солагии Ҳисор» дар ноҳия дар қад — қади роҳ 3000 ниҳол шинонда мешавад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






