Содироти маҳсулоти кишоварзӣ
Душанбе, 07.03.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода бо сафири навтаъйини Ҷумҳурии Мисри Араб доктор Муҳаммад Абдусаттор ал-Бадрӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохӯрд. Дар вохӯрӣ ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Мисри Араб баррасӣ гардиданд. Ҳангоми мулоқот, ки бо ҳусни тафоҳум сурат гирифт, ҷонибҳо дар атрофи масъалаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар, вазъ ва рушди соҳаи гидроэнергетика, ҷалби сармоя ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисод, иқтидори содиротии ҷумҳурӣ, рушди туризм ва ташкили инфрасохтори он, коркард ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ мубодилаи афкори судманд намуданд.Дар интиҳои вохӯрӣ тарафҳо азми қавии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар самтҳои гуногун, алалхусус, дар бахши омӯхтани таҷрибаи хизматрасонӣ ва инфрасохтори туризм дар Миср, рушди бозори байналмилалии сайёҳӣ, тамоюлоти нав дар рушди саноати меҳмонхонавӣ баён доштанд








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






