Тӯҳфаи наврӯзии Думаи давлатии ФР ба муҳоҷирони тоҷик
Душанбе, 27.03.2014. (АМИТ «Ховар», Марҳабои Азамат).- 21 март Думаи давлатии Федератсияи Русия протоколи ба Созишномаи байниҳукуматии Русияю Тоҷикистон ворид намудани ислоҳотро тасдиқ намуд. Дар асоси ин протокол ба шаҳрвандони Тоҷикистон иҷозат дода мешавад, ки тайи се сол дар ҳудуди Федератсияи Русия кор кунанд. Дар ин бора намояндаи расмии Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Муҳаммад Эгамзод ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
«Алҳол чунин усули ҳамкорӣ фақат байни Тоҷикистону Русия роҳандозӣ шудааст. Қонуни мазкур аз 21 марти соли ҷорӣ ба мавқеи иҷро расид»,- гуфт дипломати тоҷик.
Муҳаммад Эгамзод зикр намуд, ки дар ҷараёни сафари расмии президенти Русия Владимир Путин ба шаҳри Душанбе моҳи октябри соли 2012 дар бораи ворид намудани тағйироти дахлдор ба қонунҳои ҳар ду кишвар аҳду паймон шуда ва он моҳи августи соли 2013 дар ҳошияи ташрифи ҷавобии сарвари кишварамон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Маскав тасдиқ гардид.
«Аминам, ки аз ҷониби Думаи давлатии Русия тасдиқ гардидани протоколи зикршуда барои будубоши муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон дар Русия шароити мусоид фароҳам оварда ва ба рушду таҳкими ҳамкории байни ҳар ду кишвар дар бахши муҳоҷират мусоидат мекунад», — гуфт намояндаи Сафорати ҶТ дар ФР.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






