Таҳияи роҳнамои тиҷоратии Тоҷикистон дар назди СТҶ
Душанбе, 07.03.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-Маркази тиҷорати байналмилалӣ дар Тоҷикистон бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон роҳнамои тиҷоратии “Уҳдадориҳои Тоҷикистон дар назди Созмони тиҷорати ҷаҳон”-ро таҳия кард. Тавре ки дар ин бора аз Маркази тиҷорати байналмилалӣ хабар доданд, ҳадаф аз таҳияи ин роҳнамо муаррифии манфиатҳо ва имкониятҳо аз узвияти Тоҷикистон дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ мебошад. Гуфта мешавад, ки намунаи англисии роҳнамо наздик ба 70 саҳифа буда, он нахустин таҳлили бузургҳаҷме бахшида ба узвияти Тоҷикистон дар СТҶ ба ҳисоб меравад. Роҳнамои мазкур бо забонҳои англисиву русӣ дастрас буда, ба зудӣ дар торнамоҳои вижаи Тоҷикистон доир ба СТҶ ва МТБ Тоҷикистон гузошта хоҳад шуд. Ҳамчунин ин роҳнамо нашр шуда, миёни ниҳодҳои давлатӣ, созмонҳои байнулмилалӣ, бахши хусусӣ ва дигар ҷонибҳои нафъдор паҳн мешавад ва дар давраҳои омӯзишӣ барои бахши хусусии Тоҷикистон низ ба ҳайси маълумотнома истифода хоҳад шуд. Ба иттилои манбаъ, дар роҳнамои тиҷоратӣ, инчунин таъсир ва пайомадҳои узвияти Тоҷикистон ба соҳаҳои афзалиятдошта, ба мисли кишоварзӣ ва саноати хӯрокворӣ, саноати сабук ва нассоҷӣ, металлургӣ, хадамоти тиҷоратӣ ва сохтмонӣ шарҳ дода шудаанд. Бар иловаи маълумоти умумӣ доир ба соҳаҳои мазкур ва дастрасии бозор ба онҳо, роҳнамо боз чораҳоеро, ки дар сатҳи миллӣ барои мусоидат ба ин соҳаҳо рӯидаст гирифта мешаванд ва пайомадҳои оянда барои истеҳсолкунандагон ва содиркунандаҳои Тоҷикистонро ба риштаи таҳлил кашидааст.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






