Таҳкими муносиботи Тоҷикистону Эрон

Март 18, 2014 15:17

 Душанбе, 18.03.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). Дар идомаи сафари худ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон 16 марти соли 2014 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо раиси Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Алии Лориҷонӣ мулоқот намуд.
 Дар мулоқоти мазкур таъкид гардид, ки муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон намунаи барҷастаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳусни тафоҳум байни ду кишваранд. Аз замони барпо гардидани муносибатҳои дипломатӣ ҳамкории ду кишвар ба болотарин сатҳ расида, заминаҳои гуногунро фаро гирифт. Зикр шуд, ки муносибатҳои байнипарлумонӣ низ байни ду кишвар бо муваффақият густариш меёбанд. Дар ин самт гурӯҳҳои дӯстӣ, ки дар парлумонҳои ду кишвар таъсис ёфтаанд, саҳми арзанда мегузоранд. 
 Ҷонибҳо бо изҳори ризоят аз сатҳи ҳамкорӣ дар заминаҳои гуногун зикр намуданд, ки дар оянда низ ният доранд, лоиҳаҳои муштараки дигарро, ки ба суди на танҳо ду кишвар, балки минтақа низ мебошанд, амалӣ созанд.
 
 
 

Март 18, 2014 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд