Таҷлили «Наврӯзи фарҳанг»
Душанбе, 31.03.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- Бо иқдоми Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст дар таърихи фарҳангу ҳунари тоҷик «Наврӯзи фарҳанг» бо шукӯҳу шаҳомати хосса дар назди бинои Сирки давлатии Тоҷикистон таҷлил гардид.
Тавре аз Вазорати фарҳанг ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ибтидо вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбеков ҷамъомадагонро бо ин иди фархунда самимона шодбош гуфт. Дар чорабинӣ намоиш-инъикосгари комёбиҳои эҷодию илмӣ ва истеҳсолии аксар сохторҳои тобеи вазоратро ба маърази тамошобинон гузошта буданд.
Шоистаи зикр аст, ки дар барномаи идона тӯи хатнаи 153 нафар наврас аз оилаҳои камбизоат ва бепарасторон сурат гирифт. Иштироки собиқ вазирони фарҳанги ҷумҳурӣ С.Мирзошоев, Н.Табаров, Х.Шарифов, А.Ҳамдам, Р.Амиров, М.Асрорӣ, чеҳраҳои шинохтаи фарҳанг Ҳ.Абдураззоқов, Т.Аҳмадхонов, Ф.Азизӣ, Н.Раҳматова ва дигарон боиси ифтихори аҳли базмгоҳ гардид.
Барномаи консертӣ бо иштироки ҳунармандони Филармонияи давлатии Тоҷикистон, ансамлбҳои «Сомон», «Ҷаҳоноро», «Зебо», «Гулшан» «Лола» армуғони фарҳангӣ буд.
Дар базмгоҳи наврӯзӣ зиёда аз 4000 сокинон аз тамошои барномаи базмӣ баҳраи маънавӣ бурданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






