Таъмини амнияти шаҳрванд дар мурофиаҳои судӣ
Душанбе, 14.03.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Имрӯз дар Душанбе бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ оид ба мавзӯи «Ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ чун яке аз ҷанбаҳои муҳими ҳимояи ҳуқуқи инсон» баргузор гардид.
Дар кори конфронс намояндагони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, доираи академикӣ, намояндагони ташкилоти ғайридавлатӣ ва хабарнигорони ВАО иштирок доштанд.
Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро иштирокчиёнро бо мақсади асосии конфронс шинос намуда, гуфт, ки Конститутсия (Сарқонун)-и ҶТ инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои онро арзиши олӣ дониста, эълон менамояд, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Яке аз ифодаи ҳимояи давлатии ҳуқуқҳои конститутсионӣ ба ҳаёт, озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ ин таъмини амнияти шаҳрванд дар мурофиаи судии ҷиноятӣ мебошад.
Ҳамчунин дар ҷараёни конфронс раиси Суди олӣ Нусратулло Абдуллоев, прокурори генералӣ Салимзода Шерхони Одина, муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Назира Ғаффорова, директори Агентии мубориза бар зидди коррупсияи ҶТ Абдуфаттоҳи Ғоиб ва дигарон сухан гуфтанд.
Дар фарҷом байни иштирочиён мубоҳиза ва мубодилаи афкор сурат гирифт.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






