Тантанаҳои марказии ҷашни байналмилалии Наврӯз
Душанбе, 21.03.2014 (АМИТ «Ховар»).- Дар Наврӯзгоҳи пойтахт бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон тантанаҳои марказии ҷашни байналмилалии Наврӯз баргузор гардид.Саҳни ҳавлӣ, атроф ва дохили Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе ба таври идона ороста шуда буд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони аҳли ҷамоати пойтахт бо шодию сурур ва самимияти баланд истиқбол гирифтанд.Зимни суханронӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бори дигар мардуми Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ, тоҷикону форсизабонони ҷаҳон ва ҳамаи мардумони кишварҳои ҷашнгирандаи Наврӯзро ба муносибати фарорасии ин иди бузург, ки чанд сол ба ин сӯй мақоми байналмилалӣ гирифтааст, сидқан табрик гуфт.Таъкид гардид, ки “Наврӯз бо обу хок, марзу бум ва рӯҳи зиндагисозу тамаддунофари аҷдоди тоҷикон пайванди ногусастанӣ дошта, расму ойинҳои он дорои рамзҳое мебошанд, ки аз қадим то имрӯз бо рӯзгори мардуми созандаву ободгар ва фарҳангиву таҳаммулгарои мо созгоранд”.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишварро ба шодию нишоти наврӯзӣ, арҷгузорӣ ба оину суннатҳои волои ин ҷашни бостонӣ, ваҳдату ягонагӣ, таҳкими пояҳои сулҳу осоиш дар ҷомеа ва ҳамчунин ба вусъати киштукори баҳорӣ ва ободонию шукуфонии Тоҷикистони маҳбуб ҳидоят кард.Тантанаҳои марказии Наврӯзи хуҷастаи байналмилалӣ бо намоиши барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ идома ёфт.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






