Татбиқи 9 лоиҳаи инвеститсионӣ дар бахши обтаъминкунӣ
Душанбе, 28.03.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Алҳол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши обтаъминкунӣ дар ҳамкорӣ бо дигар созмонҳои байналмилалии молиявӣ 9 лоиҳаи муштараки инвеститсионӣ амалӣ мегардад. Ин матлабро дар назди вакилони палатаи поёнии Парлумони мамлакат Ҷамолиддин Нуралиев- муовини аввали вазири молияи ҷумҳурӣ зикр намуд. Мавсуф гуфт, ки маблағи умумии лоиҳаҳои бахши обтаъминкунӣ 620 миллион сомониро ташкил дода, аз он 422 миллион сомонӣ грант, 176 миллион сомонӣ қарз буда, саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 миллион сомонӣ мебошад. Бояд тазаккур дод, ки бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин намудани аҳолии кишвар яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки он дар стратегияи баландбардории некуаҳволии мардуми ҷумҳурӣ зикр шудааст. Дар ин раванд Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта ва таъмини пурраи аҳолии кишвар бо оби тозаи нӯшокӣ кӯшишҳои зиёд ба харҷ дода истодааст. Ба тасвиб расилани Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагиии манзилию коммуналӣ» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба Лоиҳаи «Беҳтар намудани системаҳои обтаъминкунии шаҳрҳои марказии Тоҷикистон» яке аз талошҳои ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад, ки чанде пеш аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон ба тасвиб расид.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






