Тоҷикистону Куба- дар арзҳои дӯстӣ
Душанбе, 05.03.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода».- Тавсеаи равобити мутақобилан судманди Тоҷикистон бо Куба имрӯз дар ҷараёни мулоқоти Сайдулло Хайруллоев-раиси Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ ва Карлос Валдес де ла Консепсион -Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Куба дар Тоҷикистон /қароргоҳаш шаҳри Остона/ дар Душанбе матраҳ гардид.
Сайдулло Хайруллоев доир ба фаъолияти Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ ибрози назар намуда, афзуд, ки дар дохили ҷамъият боз наздики 20 ҷамъияти дӯстӣ бо кишварҳои хориҷӣ фаъолият дорад, ки нақши онҳо дар таҳкими равобити дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди фарҳангӣ беназир аст. Мавсуф афзуд, ки ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон-Куба» яке аз чунин ҷамъиятҳост, ки даҳ сол муқаддам таъсис шудааст. Зикр шуд, ки дар оянда интизор меравад, ки дар маркази маъмурии вилояти Суғд -шаҳри Хуҷанд шуъбаи ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон-Куба» созмон дода шавад.
Карлос Валдес де ла Консепсион, сафири Куба гуфт, ки: «Мо ҷонибдори тавсеаи ҳарчи бештари равобити гуногунсоҳа бо Тоҷикистон ҳастем ва умед аст, ки дар оянда бо истифода аз имконоти мавҷуда равобити ҳасана байни ду кишвар рушд хоҳад ёфт».
Дар мулоқот ҳамзамон раиси ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон-Куба» Ҷӯра Латифов, олими шинохтаи тоҷик Собит Неъматуллоев доир ба таҳкими ҳамкориҳо байни ду кишвар дар бахшҳои гуногун ибрози назар намуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






