Вена: «Шарҳи вазъи вобаста ба маводи нашъаовар дар ҶТ»
Душанбе, 18.03.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Дирӯз бори нахуст дар қароргоҳи Раёсати Созмони Миллали Муттаҳид(СММ) оид ба маводи нашъаовар ва ҷиноят дар шаҳри Вена, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ, генерал-лейтенанти милитсия Рустам Назаров “Шарҳи вазъи вобаста ба маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013”-ро муаррифӣ намуд.
Ба иштирокчиёни маҷлис мавзӯъҳои асосии “Шарҳ”: мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, пешгирии нашъамандӣ, ҳамкории байналмиллаллӣ ва амалӣ намудани барномаҳои зиддимухаддиротӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, натиҷаи соли аввали амалӣ намудани “Стратегияи миллӣ оид ба мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” пешниҳод шуданд.
Дар соҳаи пешгирии нашъамандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назаров диққати иштирокчиёнро ба «Барномаи минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷиноят нисбат ба дастгирии кӯшишҳои мубориза бар зидди маводи нашъаовар дар Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя дар солҳои 2011-2014», инчунин фаъолияти муассисаҳои давлатӣ, иттиҳодҳои ҷамъиятӣ ва ташкилоти динӣ дар соҳаи пешгирии нашъамандӣ ва паст намудани зарари оқибатҳои он ҷалб намуд.
Бояд зикр намуд, ки дар қароргоҳи СММ “Шарҳи вазъи вобаста ба маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013” бо забони русӣ, англисӣ ва дигар маводи лозимӣ тақсим гардид.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






