Вохӯрӣ бо хизматчиёни ҳарбии қӯшунҳои хушкигард
Душанбе, 5.03.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ бо мақсади иҷрои “Нақшаи муштараки чорабиниҳо оид ба пешгирӣ, ошкор ва бартараф намудани ҷинояту ҷинояткорӣ ва дигар қонуншиканиҳо дар соҳаи хизмати ҳамарӯза дар Вазорати мудофиаи ҶТ” дар якҷоягӣ бо афсарони Раёсати кор бо ҳайати шахсӣ дар яке аз қисмҳои ҳарбии Раёсати Қӯшунҳои хушкигард бо афсарон ва сарбозон вохӯрӣ ташкил намуданд. Кормандони агентӣ бо тариқи воситаҳои аёнӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ оид ба ҷинояткории вобаста ба маводи нашъаовар, инчунин вазъи нашъамандӣ дар ҷумҳурӣ нақл намуданд.
Зикр гардид, ки дар синни сарбозон хатари ҷалби онҳо ба истеъмоли маводи нашъаовар меафзояд. Сабаби асосии майлу рағбат ба маводи нашъаоварро мутахассисон дар ҳисси кунҷковӣ ва набудани иттилооти воқеӣ оид ба натиҷаҳои истеъмоли бемулоҳизаи маводи нашъаовар номбар намуданд, ки ин аксар вақт ба оқибати фоҷиавӣ оварда мерасонад.
Тавре ки аз хадамоти матбуотии агентӣ хабар доданд, гузаронидани чорабиниҳои ба ин шабеҳ дар дигар қисмҳои ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ ба нақша гирифта шудааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






