Яке аз суннатҳои Наврӯзӣ- кӯмак ба эҳтиёҷмандон аст
Душанбе, 22.03.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Ҳамасола дар арафаи иду ҷашнвораҳо аз ҷониби шахсони саховатпеша ва корхонаю идораҳо расонидани кӯмак ба эҳтиёҷмандон ба як анъанаи нек табдил ёфтааст.Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ба Кӯдакистони касалиҳои чашми №42-и ноҳияи Сино, тарбиятгирандагони Мактаб-интернати №1 ва Мактаб-интернати махсуси №1-и шаҳри Душанбе маҳсулоти зиёди хӯрокворӣ аз қабили орд, равған, биринҷ, картошка, пиёз, макарон, қанд ва дигар анвои хӯрока дастрас карда шуд.Бояд гуфт, ки роҳарияти Вазорати корҳои дохилӣ пайваста, ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо ғамхорӣ зоҳир намуда, аз рафти таълиму тарбияи онҳо воқиф мегарданд.Дар ҷавоб ба чунин иқдоми хайр тарбиятгирандагони ин мактаб-интернатҳо дар назди меҳмонон, бахшида ба иди Наврӯзи аҷам шеъру таронаҳо қироат карданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






