Ярмаркаи Наврӯзӣ
Душанбе, 20.03.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Имрӯз, 20 март бо ибтикори роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳимояи иҷтимоии ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ дар бинои ВКД ярмарка ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ гузаронида шуд.
Тавре ки аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, дар ярмарка хоҷагиҳои ёрирасони Вазорати корҳои дохилӣ, хоҷагиҳои деҳқонии шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Суғду Хатлон, минтақаи Рашт ва ноҳияҳои тобеи марказ, инчунин намояндагон аз «Тоҷикматлубот» маҳсулоти хӯрокворӣ, меваю сабзавоти тоза ва дигар маҳсулоти ниёзи мардумро бо нархи нисбатан арзон ба харидорон пешкаш намуданд.
Дар ин ярмарка нархи як килограмм гӯшт 22-27 сомонӣ, гӯшти мурғ 10 сомонӣ, моҳӣ 18 сомонӣ, биринҷ -6 сомонӣ, нархи як килограмм себу ношпотӣ 2-4 сомонӣ, картошка 1-2 сомонӣ, пиёзу сабзӣ, шалғам аз 50 дирам то 1 сомонӣ, арзиши 1 дона тухм 50 дирам буд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






