Ғалабаи боксчиёни тоҷик дар мусобиқоти ҷаҳон
Душанбе, 17.04.2014. (АМИТ «Ховар). – Мусобиқоти ҷаҳон аз рӯи бокси байни ҷавонон, ки 14 апрел дар шаҳри Софияи Булғористон оғоз ёфт, то 24 апрел давом мекунад.
Назар ба хабари сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, боксчии ҷавони тоҷик Умед Ёқубов дар рӯзи аввали мусобиқа дар вазни то 52 килограмм муҳорибаро бо бокчии Русия Павел Фёдров бохт.
15 апрел боз як боксчии тоҷик Нурмуҳаммади Ашӯралӣ варзишгари Швейтсария Аҳмад Алтинасро мағлуб сохт.
16 апрел Шаҳбоз Неъматуллоев дар вазни 69 килограмм бар ҳарифи худ Ракан Нассари урдунӣ пирӯз шуд.
Хотирнишон месозем, ки ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон Умед Ёқубов (вазни 52 кг), Нурмуҳаммади Ашӯралӣ (вазни 56 кг), Шаҳбоз Неъматуллоев (вазни 69 кг), Меҳрубон Сангинов (вазни 75 кг) ва Меҳроб Иброҳимов (вазни 81 кг) шомиланд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






