Ғалабаи «Хайр» бар «Равшан»

Апрель 18, 2014 14:51

Душанбе, 18.04.2014. (АМИТ «Ховар) . – 17  апрел  дастаи  «Хайр» — и  шаҳри  Ваҳдат  дар  вохӯрии  даври  дуюми   мусобиқоти  Тоҷикистон  оид ба  футбол байни  дастаҳои лигаи олӣ  бо  ҳисоби 3:1  бар  дастаи  «Равшан» — и   шаҳри  Кулоб  ғалаба  кард. 
19  апрел  боз  чор  вохӯрии даври дуюми  мусобиқоти  Тоҷикистон  сурат  гирифта,  дастаи  «Энергетик»  дар  Варзишгоҳи  марказии  ҷумҳуриявӣ бо  дастаи  «Парвоз» — и  ноҳияи  Бобоҷон  Ғафуров,  дастаи «Вахш» — и  Қӯрғонтеппа   дар  майдони худ бо  дастаи  ССКА «Помир» дастаи «Регар – ТадАЗ» дар  варзишгоҳи  «Металлург»  — и шаҳри  Турсунзода бо  дастаи  «Хуҷанд» ва  дастаи «Далерон – Ӯротеппа» бо дастаи  «Истиқлол» — и  шаҳри  Душанбе  вомехӯранд.

Апрель 18, 2014 14:51

Хабарҳои дигари ин бахш