Ғизои ройгон барои омӯзгорону хонандагон

Апрель 3, 2014 16:44

Мурғоб, 3.04.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).-Ба гуфтаи масъулини шуъбаи маорифи ноҳияи Мурғоб  122 нафар  хонандаи синфҳои ибтидоии  мактаби рақами 14-и маркази ноҳияи Мурғоб  ва 12 нафар омӯзгор бо маводи ғизоии яквақта  дар мактаб таъмин  мешаванд. 
Ин иқдом  чанд сол боз  бо ташаббуси Раёсати маориф ва илми вилоят  дар ҳамдастӣ бо Барномаи ғизои Созмони Миллали Муттаҳид роҳандозӣ шудааст.  Барномаи ғизои СММ чанд сол боз  дар вилоят фаъолияти густурда дорад.  Тибқи  талаботи ин барнома  танҳо  хонандагони он макотибе, ки дар шароити сангини  ҷуғрофӣ қарор гирифтаанд,  аз  кумакҳои  ин созмон бархурдор хоҳанд шуд.  
     Хотирнишон бояд кард, ки мактаби ба номи Соҳибназар Сайниеви ноҳияи Мурғоб соли 1932-ум сохта шуда, дар  айни ҳол дар ин ҷо 48 нафар омӯзгор ба таълими  398 нафар толибилм машғул аст.
 

Апрель 3, 2014 16:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик