Ғизои ройгон барои омӯзгорону хонандагон
Мурғоб, 3.04.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).-Ба гуфтаи масъулини шуъбаи маорифи ноҳияи Мурғоб 122 нафар хонандаи синфҳои ибтидоии мактаби рақами 14-и маркази ноҳияи Мурғоб ва 12 нафар омӯзгор бо маводи ғизоии яквақта дар мактаб таъмин мешаванд.
Ин иқдом чанд сол боз бо ташаббуси Раёсати маориф ва илми вилоят дар ҳамдастӣ бо Барномаи ғизои Созмони Миллали Муттаҳид роҳандозӣ шудааст. Барномаи ғизои СММ чанд сол боз дар вилоят фаъолияти густурда дорад. Тибқи талаботи ин барнома танҳо хонандагони он макотибе, ки дар шароити сангини ҷуғрофӣ қарор гирифтаанд, аз кумакҳои ин созмон бархурдор хоҳанд шуд.
Хотирнишон бояд кард, ки мактаби ба номи Соҳибназар Сайниеви ноҳияи Мурғоб соли 1932-ум сохта шуда, дар айни ҳол дар ин ҷо 48 нафар омӯзгор ба таълими 398 нафар толибилм машғул аст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






