Қубодиён: таъсиси 16 корхонаи хурди саноатӣ

Апрель 11, 2014 10:35

  Қубодиён,  11.04.2014. (АМИТ «Ховар»,  Сулаймони Хол).- Дар ноҳияи  Қубодиён аз ҷониби соҳибкорон 16 корхонаи хурди саноатӣ бунёд  мешавад ва  қисми зиёди корхонаҳо то нимаи  соли 2015 мавриди истифода қарор мегиранд. Ба қавли раиси ноҳия Саъдулло  Бегназаров мақсад аз таъсиси корхонаҳои хурди саноатӣ бештар кардани маҳсулоти  худӣ дар бозори дохилӣ  ва дар ин васила  ба ҷои кори   доимӣ таъмин намудани   корҷӯён мебошад.  Дар айни ҳол  ҶДММ «Одилҷон», ки корхонаи  равғанбарорист,  ба   қисми тарҳрезии  бино  шурӯъ карда,  мувофиқи нақша дар як сол  метавонад  истеҳсоли 1500 тонна равғани растанӣ, 830 ҳазор тонна хӯроки чорво ва дигар маҳсулотро  роҳандозӣ намояд.    
Бояд гуфт, ки  корҳои  тарҳрезии биноҳо   дар корхонаҳои  истеҳсоли зарфҳои шишагин, хиштбарорӣ,  истеҳсоли  дару тирезаҳои пластикӣ, сангу шағал оғоз гардида,  дар дигар корхонаҳо низ  корҳои тарҳрезӣ  бо вусъат идома доранд.   Баъди ба  фаъолият  шурӯъ кардани корхонаҳои  мазкур дар ноҳия   зиёда аз 300  нафар бекор бо ҷои кори доимӣ  таъмин мегардад.
 
 

Апрель 11, 2014 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш