12 апрел боришот шиддат мегирад
Душанбе, 08.04.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Аз Муассисаи давлатии обуҳавошиносии кишвар ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки охири ҳафтаи равон дар кишвар ҳавои номуътадил, абрноку боронӣ дар назар аст. Тибқи иттилои обуҳавошиносон рӯзҳои 10-13-уми апрел дар кишвар боришоти шадид рух дода, аз ҷумла дар кӯҳҳо ва ноҳияҳои баландкӯҳ эҳтимол меравад борон ба барф мубаддал гардида, ҳарорат махсусан шабона поён фарояд.Обуҳавошиносон таъкид мекунанд, ки боришот махсусан рӯзи 12-уми апрел шиддат гирифта, дар бархе аз минтақаҳо фаромадани сел дар назар аст. Рӯзҳои 14-15-16 ҳавои бебориш дар назар дошта шуда, ҳаво гарму офтобӣ ва бебориш хоҳад шуд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






