Ҳаҷми қарзҳои хурд 31 фоиз зиёд гардид
Душанбе, 23.04.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Омӯзиши нишондиҳандаҳои оморӣ нишон дод, ки бақияи умумии қарзҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ дар семоҳаи аввали соли равон ба таври назаррас афзоиш ёфта, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 39,8 фоиз зиёд шуда, 8 млрд 037,3 млн. сомониро ташкил намудааст. Аз ҷумла, 3’ 264,2 млн. сомониро қарзҳо бо пули миллӣ ва 4’ 773,1 млн. сомониро қарзҳо бо асъори хориҷӣ ташкил доданд.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, дар давраи ҳисоботӣ фоизҳои миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ ба 27,06 фоиз ва бо асъори хориҷӣ ба 23,11 фоизи солона баробар шуданд.
Ҳамчунин дар моҳҳои январ-марти соли равон бо назардошти баланд будани талабот, ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда афзуда, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 31 фоиз зиёд гардидааст. Аз ин маблағ 263,8 млн. сомонӣ ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон қарзҳои хурд дода шудаанд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 28,6 фоиз зиёд мебошад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






