Ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба Русия рафт

Апрель 15, 2014 09:45

  Душанбе,15 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Субҳи имрӯз Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо як ҳайати расмии парлумонӣ ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия рафт.
     Муҳаммадато Султонов-котиби матбуоти палатаи поёнии Парлумони мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии  /АБ/ давлатҳои аъзои Иттиҳоди 
Давлатҳои Мустақил /ИДМ/, Иттиҳоди иқтисодии Аврупо ва Осиё /ИИАО/,  Ассамблеяи байнипарлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ /АБ СААД/ ва форуми байналмилалии  «Дурнамои иктисодии Аврупо ва Осиё»  иштирок менамояд. Интизор меравад, ки Шукурҷон Зуҳуров дар форуми мазкур, ки дар Донишгоҳи давлатии  иқтисодии Санкт -Петербург баргузор мегардад, баромад намояд.
Ҳамзамон раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон  Убайдулло Давлатов, Амирқул Азимов, Олимҷон Салимзода, раиси комиссияи Маҷлиси намояндагон оид ба одоби вакилон Давлаталӣ Давлатзода, вакилон Исмоил Талбаков, Саодат Амиршоева, Мунаввара Кенҷаева ва Суҳроб Шарипов, узви Маҷлиси миллӣ Қаҳҳор Маҳкамов, Иброҳими Абдуллозода, А. Азизов дар кори ҷаласаҳои нақшавии комиссияҳои доимии АБ доир ба СААД, ИИАО ва комиссияҳои  доимии АБ ИДМ  оид ба масъалаҳои фарҳанг, иттилоот, сайёҳӣ ва варзиш, сиёсат ва ҳамкориҳои байналмиллалӣ, сиёсати аграрӣ, захираҳои табиӣ ва экологӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ, сиёсати хориҷӣ иштирок ва суханронӣ хоҳанд кард.8.58.

Апрель 15, 2014 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд