Ҳамкории байнипалатагии Тоҷикистону Афғонистон

Апрель 22, 2014 11:49

Душанбе, 22.04.2014. (АМИТ «Ховар,  Кристина  Эрлих). —  Дирӯз  раиси  Палатаи  савдо  ва  саноати  Тоҷикистон  Шариф  Саид  ҳайати  Палатаи  савдо  ва  саноати  Ҷумҳурии  Исломии  Афғонистон бо  сарварии   ноиби  президенти  ПСС  Афғонистон  Хонҷон  Алказай  ба  ҳузур  пазируфт.
Тавре  ки  аз  маркази  матбуоти  ПСС ҶТ   ба  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд,  дар  ҷараёни  мулоқот   масоили  марбут ба  рушди  ҳамкории  мутақобилан  муфиди байнипалатавии Тоҷикистону  Афғонистон  ҷиҳати  дастгирии  сохторҳои  фаъолияти  хоҷагидорӣ,  аз  ҷумла  соҳибкории  хурду  миёна бо   василаи  моҳи октябри  соли  равон   дар  пойтахти  Тоҷикистон  доир  намудани   намоишгоҳ  — ярмаркаи  чоруми  маҳсулоти  Афғонистон ва анҷумани соҳибкорони    Тоҷикистону  Афғонистон  мавриди  муҳокима  қарор  гирифтанд.
Шариф  Саид   зимни   суханрониаш  зикр  намуд, ки  дастгирии   ҳамаҷонибаи   сохторҳои   соҳибкории  ҳар  ду  кишвар   яке  аз  вазифаҳои  асосии   палатаҳои  савдо  ва  саноати Тоҷикистону  Афғонистон  маҳсуб  меёбад.  Шариф  Саид  ҳамчунин  зарурати  рушду  густариш  бахшидани   равобити  кооперативӣ,  ҳамкории  тиҷоратии   наздисарҳадӣ, ҳамчунин  мубодилаи  иттилооти иқтисодиро  хотирнишон  сохта, иброз  дошт,  ки дарҳои Палатаи  савдо  ва  саноат  Тоҷикистон  барои  иҷрои ин  вазифаҳо  ва  рушди  ҳамкорӣ бозанд.
— Афғонистон   иштироки  худро  дар  Созмони  Ҳамкории  Шанхай  ба  ҳайси  мушоҳид  яке  аз  воситаҳои  воридшавӣ ба  бозорҳои  хориҷӣ  мешуморад,  —  гуфт  Хонҷон  Алказай. – Дар  робита бо  ин, Афғонистон  ҷонибдори   рушди  ҳамкорӣ  бо  давлатҳои  аъзои  СҲШ  дар  татбиқи  лоиҳаҳои  минтақавӣ,  энергетикӣ  ва  коммуникатсионӣ  мебошад. Ибтикороти  минтақавӣ  дар  доираи  СҲШ, ки  Афғонистонро  бо  Чину  Ҳиндустон  ва кишварҳои Осиёи  Ҷануби  Шарқӣ тавассути  лоиҳаҳои ҳаҷман  калон пайваст  менамоянд,  омили эҳёи  иқтисодиёти Афғонистон  мегарданд. 
Хотирнишон  месозем, ки  аз  давраи  мавриди истифода  қарор  гирифтани пули  дарёи Панҷи  Поён  муомилоти тиҷоратии байни  Афғонистону  Тоҷикистон  се  баробар  афзуда,  ин  пул  маркази тиҷоратии  байни  кишварҳои Осиёи  Ҷанубию  Марказӣ  гардид. 
 

Апрель 22, 2014 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!